, Панҷшанбе, 11-декабр

ҲУҚУҚИ ИНСОН: АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД


ҲУҚУҚИ ИНСОН: АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ВА ЗАМИНАҲОИ ТАҲКИМИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқшиносӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Ҳуқуқи инсон: арзишҳои умумибашарӣ ва заминаҳои таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд» доир гардид. Дар кори мизи мудаввар омӯзгорон, магистрантон ва донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ, дотсент Ҳусейнзода Аминҷон суханронӣ намуда, мизи мудавваро оғоз намуд. Мавсуф зимни баромади худ ба зарурати таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва арҷгузории арзишҳои умумибашарӣ ишора намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро барои донишҷӯён муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, мизи мудаввар мувофиқи барнома идома ёфт. “Аҳамияти таҷлили Рӯзи ҳуқуқи инсон”-бо ин мавзуъ Азизаи Нурулло, муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ, баромад намуда, таърих, мақсад ва аҳамияти ин санаи байналмилалиро барои ҷомеаи муосир шарҳ дод. «10 декабр - Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон: таърих, моҳият ва аҳдоф» баромад аз ҷониби Абдураҳимова Нозанин, донишҷӯи курси 4 ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, ироа гардида, ӯ ба ташаккули нишондодҳои умумии ҳуқуқи инсон ва таъсири онҳо ба ҷомеа таъкид намуд. «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон дар низоми давлатдории ҳуқуқбунёд» дар ин бахш Бобоев Худобахш, магистранти курси 1 ихтисоси идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, дар бораи нақши Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ нақл карда, кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро мавриди таҳлил қарор дод. «Ҳолати амалигардонӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои такмил»-бо ин мавзуъ Муинҷони Ҳотамбек, магистранти курси 2, таҳқиқоти худро пешниҳоди иштирокчиён намуда, ба масъалаҳои марбут ба сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ишора кард.

Дар анҷом музокирот ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён баргузор гардид. Иштирокчиён сaволҳои худро матраҳ намуда, масъалаҳои марбут ба рушди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва ҳимояи ҳуқуқи инсонро мавриди муҳокима қарор доданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!