, Панҷшанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПЕДАГОГИКАИ ТОМАКТАБӢ”

Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Педагогикаи томактабӣ”-и назди кафедраи таҳсилоти томактабӣ ва кори иҷтимоӣ бо иштироки роҳбари маҳфил ва донишҷӯён баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Ойҷонбии Абдураҳмон суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, донишҷӯёни курси 2-юми ихтисоси олигофренопедагогика Дарёева Ҳумая дар мавзуи “Асосҳои илмии омодагии бача ба мактаб” ва донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси таҳсилоти томактабӣ Маҳмудзода А. дар мавзуи “Тайёр намудани мутахассисон барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи иштирокчиён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!