,
Панҷшанбе, 11-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими забон ва адабиёти руси факултети филологияи рус мизи мудаввар бахшида ба солгарди як қатор шоирону адибони шинохтаи рус баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи амалисозии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба роҳ монда шуд.
Мизи мудавварро мудири кафедраи адабиёти хориҷӣ ва методикаи таълими забони адабии рус, дотсент Ғуломова Садбарг, ҳусни оғоз бахшида, ширкаткунандагонро хайру мақдам намуд ва оид ба аҳамияти омӯзиши адабиёти рус дар рушди малакаҳои забондонӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои ҷаҳонӣ суханронӣ намуд.
Сипас, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ашуров Азамат, дар мавзуи “И жизнь, и труд, и вдохновение” ва ассистенти кафедра Бобоева Саида дар мавзуи “Поэты юбиляры” маърӯзаҳои худро баён намуда, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба нақши адабиёти рус дар ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён ҷалб карданд.
Ҳамзамон, донишҷӯён бо қироати шеърҳо аз осори адибон ва шоирони рус ба чорабинӣ ранги ҳунариву фароғатӣ бахшиданд. Дар ҷараёни мизи мудаввар муҳокима ва саволу ҷавоб доир шуд, ки донишҷӯён имкони баён намудани андешаҳои худ ва мубодилаи таҷрибаи илмӣ ва эҷодӣ пайдо карданд.
Чорабинӣ бо таъкид ба зарурати идомаи омӯзиши забон ва адабиёти рус ва арҷгузорӣ ба мероси адабӣ ба анҷом расид ва таъсири мусбат ба ташаккули малакаҳои эҷодӣ ва фарҳангии донишҷӯён гузошт.