, Панҷшанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПОСДОРОНИ ЗАБОН”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ПОСДОРОНИ ЗАБОН”

Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишу малакаи донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор маҳфилҳои илмӣ-амалӣ фаъолият менамоянд. Яке аз чунин маҳфилҳо ин маҳфили “Посдори забон”-и кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ ба ҳисоб рафта, имрӯз (10.10.2025) дар толори маркази рушди касбият ва инноватсия маҳфили навбатии он бо иштироки мудири кафедра, дотсент Қувватова Муҳаббат, роҳбари маҳфил, ҳайати омӯзгорони кафедра ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Нахуст роҳбари маҳфил Чолова Майрамбӣ суханронӣ намуда, маҳфилро ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, Саидзода Сайфура-донишҷӯи курси якуми факултети физика, математика ва информатика дар мавзуи “Гурӯҳи луғавии калимаҳо. Таснифоти кадимаҳо аз ҷиҳати маъно ва доираю дараҷаи истеъмоли онҳо”, Саймуддинзода Сафия-донишҷӯи курси якуми факултети болозикр дар мавзуи “Манбаъ ва роҳҳои инкишофи забони тоҷикӣ” ва Раҳимова Сабзина- донишҷӯи курси якуми ҳамин факултет дар мавзуи “Ибораҳои маҷозӣ ва нақши онҳо дар забони тоҷикӣ” баромад намуданд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва муҳокимаи устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!