,
Панҷшанбе, 11-декабр
Татбиқи усулҳои фаъоли таълим, амалигардонии раванди омӯзиш дар шакли таҷрибавӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз омилҳои калидии таъмини сифати таҳсилот, ташаккули малакаҳои амалӣ ва такмили маҳорати касбии донишҷӯён ба ҳисоб мераванд. Бо назардошти чунин ҳадафҳо, санаи 10.12.2025 дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси лабораторӣ аз фанни «Асосҳои биологияи кишоварзӣ» баргузор гардид. Дарсро номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсенти кафедраи биология ва методикаи таълими он Исуфов Дилшод дар гурӯҳи таълимии 405–и ихтисоси биология-экология бо иштироки омӯзгорони кафедра гузаронид.
Мавзуи дарс «Муайян кардани хусусиятҳои хок» интихоб шуда буд. Омӯзгор дар оғоз донишҷӯёнро бо зарурати омӯзиши хок, ҷойгоҳи он дар истеҳсолоти кишоварзӣ, нишондиҳандаҳои асосии хоси хок ва тарзи муайянсозии онҳо шинос намуд. Дар ҷараёни шарҳ, ӯ бо истифода аз воситаҳои аёнӣ, рӯнамо, намунаҳои таҷрибавӣ ва таҳлилҳои илмӣ таъкид кард, ки хок унсури асосии ҳаёт дар табиат, манбаи ғизо барои набототу организмҳо ва меҳвари устувории экосистемаҳо ба ҳисоб меравад.
Ҷараёни дарс бештар ба кор бо таҷриба равона гардид. Донишҷӯён зери роҳнамоии устод бо истифода аз таҷҳизоти лабораторӣ ва асбобҳои зарурии химиявӣ як қатор таҷрибаҳои амалиро иҷро карданд. Дар рафти кор хусусиятҳои зоҳирии хок (ранг, бӯй, намнокӣ, зичӣ) мушоҳида ва қайд гардид, ки таркиби механикии хок тавассути таҳшиншавӣ ва таҳлили визуалӣ муайян карда шуд. Туршии хок бо истифода аз маҳлулҳои нишондиҳанда, коғази индикатор ва муқоисаи натиҷаҳо бо ҷадвали стандартӣ чен карда шуд.
Иштироки худи донишҷӯён дар иҷрои озмоишҳо, сабти натиҷаҳо ва баррасии муштарак бо омӯзгор ба дарки амиқи мавзуъ ва тақвияти малакаҳои амалӣ мусоидат намуд. Дар анҷоми дарс натиҷаҳои бадастомада ҷамъбаст гардида, доир ба аҳамияти омӯзиши хок дар соҳаи кишоварзӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.