, Чоршанбе, 19-август

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМИ НИШОПӮРӢ


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ УМАРИ ХАЙЁМИ НИШОПӮРӢ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузории дарсҳои намунавӣ ва тарбиявӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва омӯзгорони донишгоҳ мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти олӣ, мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, таҳкими малакаи касбӣ ва ҷалби бештари донишҷӯён ба раванди таълим мебошад.

Дар ҳамин замина, имрӯз (10.12.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, прафессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар мавзуи «Ҳаёт ва фаъолияти Умари Хайёми Нишопӯрӣ» аз фанни таърихи адабиёти тоҷик дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дарси намунавӣ баргузор гардид.

Ашурова Нодира зимни оғози дарс оид ба мақому манзалати Умари Хайём баён намуда, иброз дошт, ки Умари Хайём файласуф, шоир, риёзидон ва нуҷумшиноси машҳури форс-тоҷик буда, аз зумраи бузургтарин шоирони Шарқ ба ҳисоб меравад. Насабаш Абӯфатҳ Умар ибни Иброҳим Нишопурӣ буда, дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Ӯ дар илми риёзиёт, алҷабр ва астрономия саҳми бағоят бузург гузошта, яке аз навоварони асосӣ дар ҷадвали тақвимӣ ба шумор меравад. Ислоҳи тақвими ҷалолӣ аз корҳои муҳими илмии ӯст, ки аз рӯйи дақиқияти астрономӣ аз тақвими григорианӣ низ беҳтар шуморида мешавад тавзеҳ дод.

Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни гурӯҳи таълимӣ маърӯзаҳои омоданамудаи худро дар мавзуъҳои таърихи зиндагии Хайём, мавқеи рубоиёт дар адабиёт, нақши ӯ дар илмҳои дақиқ, ҷойгоҳи фалсафаи Хайём дар таҳаввули андешаи башарӣ ва ҳунари суханпардозӣ дар рубоиёт ироа намуда, бо далелу мисолҳо мафҳумҳои калидии мавзуъро боз карданд. Қироати чанд намуна аз рубоиёти барҷастаи Хайём фазои дарсро боз ҳам пурғановатар гардонд.

Дар қисмати охири дарс миёни донишҷӯён саволу ҷавобҳо сурат гирифт, ки донишҷӯён хеле фаъолона ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои мушаххас пешниҳод намуданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_673mjvo2vaps2qoo6cdu4h4bo0 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_673mjvo2vaps2qoo6cdu4h4bo0): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dcvk9b1u3c0dn499h6s7fogdrm in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_dcvk9b1u3c0dn499h6s7fogdrm): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_g3msl0e16fql58l7ihcvvi1a0n in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_g3msl0e16fql58l7ihcvvi1a0n): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_in7k9nm9t0b9bhs6o28aoh23lr in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_in7k9nm9t0b9bhs6o28aoh23lr): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274