, Панҷшанбе, 11-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ДУНЁИ СИЁСАТ”

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Дунёи сиёсат”-и назди кафедраи сиёсатшиносӣ баргузор гардид. Дар маҳфил садорати факултет, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд.

Нахуст роҳбари маҳфил Зарифов Ҳабибулло маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҳфил шинос намуд.

Сипас, Муродов Аюбҷон - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси сиёсат ва идораи давлатӣ дар мавзуи “Манфиатҳои ҳаётан муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ” ва Аҳмадзода Маҳсуддин - донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси болозикр дар мавзуи “Шабакаҳои сиёсӣ дар сиёсатшиносии муқоисавӣ” баромад намуд.

Дар охир маҳфил бо саволу ҷавоб ва музокироти устодону донишҷӯён ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!