, Панҷшанбе, 11-декабр

ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОНИ ИЛМӢ ҲАМЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАКЛГИРИИ ИЛМИ ТОҶИК


ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОНИ ИЛМӢ ҲАМЧУН САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР ШАКЛГИРИИ ИЛМИ ТОҶИК

Имрӯз дар толори маҷлиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд КОА) ва бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-машваратӣ таҳти унвони «Такмили низоми аттестатсияи кормандони илмӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар шаклгирии илми тоҷик» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон оғоз ёфт. Мавсуф ҳадафи семинарро дар таҳким бахшидани низоми аттестатсияи кадрҳои илмӣ, баррасии самтҳои афзалиятнок, натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ислоҳи онҳо арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки такмили механизмҳои аттестатсия омили муҳимми рушди илм, баланд бардоштани сатҳи масъулият ва камолоти касбии муҳаққиқон ба шумор меравад. Ӯ афзуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва рақобати илмӣ нақши сохторҳои масъул, аз ҷумла фаъолияти КОА, табодули таҷриба, такмили рисолаҳо ва равандҳои ҳимояи илмӣ аҳамияти стратегӣ доранд.

Сипас, тибқи барномаи корӣ Розиқзода Алихон - сардори шуъбаи муқовимат бо коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо маърӯзаи худ таҳти унвони «Нақши қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатӣ дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия суханронӣ намуд. Номбурда зарурати баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи илм, шаффофияти ҷараёни аттестатсия, пешгирии омилҳои манфиатдорӣ дар раванди ҳимояи рисолаҳо ва таҳкими назорати дохилиидоравиро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идома Холмуродзода Фазлиддин - сармутахассиси шуъбаи ҷамъиятии КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Низоми аттестатсияи кормандони илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баромад кард. Зимни суханронии худ ӯ ба масъалаҳои ташкили Шуроҳои диссертатсионӣ, ҷараёни қабул ва таҳқиқи рисолаҳо, талаботи методологӣ, меъёрҳои илмию услубии рисолаи илмӣ, равандҳои бақайдгирӣ ва баррасии унвонҳои илмӣ таваҷҷуҳи махсус дод. Таъкид гардид, ки ворид намудани меъёрҳои нав мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, рақамигардонӣ ва автоматикунонии ҳуҷҷатгузорӣ, инчунин баланд бардоштани масъулияти илмӣ-эҳтиром ба меъёрҳои адабии забони тоҷикӣ аз самтҳои муҳим ба шумор мераванд.

Шарифзода Дурандеш - мудири бахши иттилоотӣ ва маҷаллаҳои илмии КОА зимни баромади хеш мавзуи “Маҷаллаҳои илмии тақризшаванда ва дигар масъалаҳои мубрами самти илмӣ” ба таври муфассал мавриди таҳлил қарор дод. Мавсуф зикр намуд, ки мақолаҳои илмӣ бояд ба талаботи байналмилалӣ, риояи қоидаҳои истинод, навъи таҳқиқот, саҳеҳии маълумот ва равшании натиҷаҳо мутобиқ бошанд. Ишора шуд, ки камбудиҳои ҷойдошта - китобат ва услуби нодуруст, такроркорӣ, набудани манбаъҳои боэътимод ва омодагии нопурра бояд ба таври ҷиддӣ баррасӣ гардида, нависандагон ба савияи таҳқиқоти илмӣ бештар омӯзонида шаванд.

Ҳамчунин баромади Шоназаров Алиҷон - сармутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус ва Исматуллозода Саврӣ - сармутахассиси шуъбаи табиии КОА оид ба самтҳои марбут ба низоми аттестатсия, ҳимояи рисолаҳо, бақайдгирии корҳои илмӣ, талаботи интизомӣ ва ҳамоҳангсозии равандҳои ҳуҷҷатгузории илмӣ ба маҷмӯи чорабинӣ мазмун ва паёмҳои иловагӣ бахшид.

Ҳамаи маърӯзачиён аз тариқи рунамо натиҷаҳои фаъолияти Комиссияро - аз ташкили ҳимояҳои илмӣ то мушоҳидаи камбудиҳо дар Шуроҳои диссертатсионӣ, роҳҳои ислоҳ, дастовардҳои олимони тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар, аҳамияти маҷаллаҳои тақризшаванда ва самтҳои афзалиятноки рушди илм дар Тоҷикистон ба таври возеҳ ва таҳлилӣ манзур карданд.

Зикр гардид, ки бо дарназардошти суръати рушду тағйироти ҷаҳонӣ ва ниёзҳои кунунии ҷомеа, такмили талаботи ҳуқуқӣ, меъёрҳои баҳодиҳӣ ва механизмҳои раванди аттестатсия зарур ва саривақтӣ мебошад, зеро мутобиқсозии низом ба стандартҳои байналмилалӣ имкониятҳои навро барои муаррифии илмии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

Дар бахши музокирот дотсентон Аюбзода Сафар, Исозода Собир, Бобозода Бахтиёр ва дигарон вобаста ба тартиби гирифтани унвонҳои илмӣ, рамзи ихтисосҳо, шеваи баргузории ҷаласаҳои Шурои диссертатсионӣ, таҳрири рисолаҳо, равиши пешниҳод намудани мақолаҳои илмӣ, истифодаи захираҳои рақамӣ ва нозукиҳои баҳодиҳӣ ибрози назар намуданд. Мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва пешниҳоди роҳҳои татбиқи механизмҳои нав дар фазои озод ва илмӣ сурат гирифт.

Чорабинӣ бо хулосаҳои судманд, зарурати густариши таҷрибаи илмӣ ва эҳсоси масъулияти бештар дар роҳи рушди илми миллӣ ба анҷом расид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!