, Сешанбе, 13-октябр

МАСЪАЛАҲОИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


МАСЪАЛАҲОИ ТАТБИҚИ НИЗОМИ ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шурои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултет семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои татбиқи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар кори семинар ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет фаъолона иштирок намуданд. Чорабиниро Ҳаёзода Қиёмуддин-муовини декан оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба аҳамияти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар ҷаҳони муосир андеша баён кард. Ӯ таъкид дошт, ки рушди технологияҳои молиявӣ ва ташаккули иқтисоди рақамӣ аз донишҷӯён ва мутахассисони оянда омодагии ҷиддӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад.

Зимни баромад зикр гардид, ки татбиқи низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар ба баланд бардоштани шаффофияти амалиёти молиявӣ, афзоиши имкониятҳои хизматрасониҳои бонкӣ ва таъмини амнияти муомилоти пулӣ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ ва такмили инфрасохтори бонкӣ ишора карда шуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ омӯзгорон ва муҳаққиқони ҷавон мавқеи воситаҳои нави пардохт, аз ҷумла системаҳои мобилӣ ва барномаҳои электрониро дар рушди низоми молиявии кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_2cqbjfd92i51tvadi3a422nmkp in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_2cqbjfd92i51tvadi3a422nmkp): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hhtpq7hcr33duv8ujhbijf3bc4 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_hhtpq7hcr33duv8ujhbijf3bc4): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274