, Душанбе, 08-декабр

ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ МУСОБИҚАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ


ДУ МЕДАЛИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ МУСОБИҚАҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Федератсияи Панкратиони Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба “ПАНКРАТИОН” байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид. Дар мусибиқаи мазкур намояндагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуадуллоҳи Рӯдакӣ фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа Холиқов Хисравҷон-донишҷӯи курси якуми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар вазни 77 кг сазовори ҷойи якум гашта, бо медали тилло ва диплом шарафёб гардид.

Ҳамзамон дар ин замина санаҳои 6-7 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Таеквандо ВТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоибиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба Таеквандо ВТ миёни калонсолон баргузор гардид, ки дар ин мусобиқа Шарифзода Самиаллоҳ, донишҷӯи курси дуюми факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар вазни +82кг сазовори ҷойи дуюм гашта, бо медали нуқра ва дипломи дараҷаи II сарфароз гардонида шуд.

Раёсати донишгоҳ ин музаффариятро ба ғолибон ва ҷомеаи меҳнатии муассиса шодбош гуфта, барояшон дастовардҳои беназир таманно менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!