,
Душанбе, 08-декабр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дастури таълимӣ-методии нав бо унвони «Асосҳои микробиология ва масуниятшиносии амалӣ» ба нашр расид. Муаллифи китоб Исуфов Дилшод Сафармадович, номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент ва устоди кафедраи биология ва методикаи таълими он мебошад.
Нашри китоби мазкур ба омӯзиши донишҷӯён дар самти микробиология ва иммунология мусоидат намуда, равандҳои марбут ба зиндагӣ, сохтор, такомули микроорганизмҳо ва ҳамчунин механизмҳои муҳофизатии системаи масуниятро ба таври илман асоснок тавзеҳ медиҳад. Дастур робитаи байни ин ду бахши муҳими илм-микробиология ва масуниятшиносии амалиро равшан нишон дода, барои дарк ва омӯзиши фан дар сатҳи назариявӣ ва амалии лабораторӣ заминаи васеъ фароҳам меорад.
Китоб бо муҳарририи доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъахон Алимӣ омода гардида, муқарризии онро дотсент Баротов Ҳ.Ҳ. ва дотсент Ҷӯразода Шоҳмурод ба ӯҳда доштанд. Мавод дорои мавзуъҳо, дарсномаҳо ва машқҳои амалии омӯзанда буда, барои истифода дар раванди таълим мувофиқ мебошад.
Нашри дастур қадаме нав дар такмили таълими илмҳои табиатшиносӣ ва омӯзиши илмҳои биологӣ дар донишгоҳ ба ҳисоб рафта, барои донишҷӯён, таҳқиқотчиён ва омӯзгорони ихтисосӣ манбаи муҳим мегардад.
Китоб айни ҳол дар ихтиёри донишҷӯён ва омӯзгорон қарор дорад. Бо нашри он имконияти таълимии донишгоҳ дар самти биология ва микробиология боз ҳам тақвият ёфт.