, Душанбе, 08-декабр

БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР


БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР

Санаи 6 декабри соли 2025 дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Хушунат дар оила» баргузор шуд.

Дар чорабинӣ декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, раиси шурои занон ва духтарони донишгоҳ, дотсент Мирзораҳматова Гулнора, мудири кафедраи таълимоти барномавӣ ва WEB-дизайн, муаллимаи калон Шоҳсанами Ризо, раиси занони факултет Раҳматова Райҳона, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

Дар оғоз дотсент Самариддинова Зайнаб баргузории мизи мудавварро муҳим арзёбӣ намуда, ба мавзуи рӯз–пешгирии хушунат дар оила ва тарғиби муносибатҳои солими иҷтимоӣ ишора намуд.

Сипас, муаллимаи калон Шоҳсанами Ризо дар мавзуи «Мушкилоти ҷиддии ҷомеа—хушунат нисбати занон» ва донишҷӯи курси чоруми ихтисоси физика ва математика Сайфиддинова Омина дар мавзӯи «Оила—бидуни хушунат» бо маърӯзаҳои худ баромад карданд.

Дар анҷом миёни иштирокчиён саволу ҷавоб, муҳокима ва мубодилаи афкор сурат гирифта, зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими арзишҳои оиладорӣ таъкид гардид.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!