, Душанбе, 08-декабр

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. БАЛАНДБАРДОРИИ САВОДНОКӢ ВА МАЪРИФАТИ МОЛИЯВИИ АҲОЛӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ


КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. БАЛАНДБАРДОРИИ САВОДНОКӢ ВА МАЪРИФАТИ МОЛИЯВИИ АҲОЛӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

Бо чунин унвон имрӯз (06.12.2025) бо ташаббуси кафедраи молия ва қарзи факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар ва дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025–2030 “Солҳои рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо иштироки коршиносони соҳа аз ташкилоту муассисаҳои молиявии кишвар аз қабили Бонки милии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, намоядагони бонкҳои тиҷоратӣ, ташкилотҳои суғуртавӣ ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ олимону донишмандон, намояндагони ташкилоту муассисаҳои молиявии кишварро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, ҷиҳати иштирок ба онҳо изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки дар марҳалаи муосири рушди иҷтимоию иқтисодӣ муаммои саводнокии молиявии аҳолӣ хеле муҳим гардидааст. Агар дар ибтидои асри ХХ яке аз шартҳои саноатикунонӣ аз байн бурдани бесаводии аҳолӣ ба ҳисоб мерафт, пас дар ибтидои асри XXI саводнокии молиявӣ шарти ташаккули ҷомеаи баъдисаноатӣ мебошад.

Афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳиммест, ки барои пешрафти иқтисодиёт ва рушди бонкдорӣ боис мешавад. Афзоиши саводнокии молиявии аҳолӣ дар “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” қайд гардида, мутобиқи он дар назди вазорату идораҳои дахлдори давлат амалигардонии тадбирҳои муҳим барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии мардум дар назар дошта шудааст.

Дар қисмати пленарии конфронс 6 маърӯза, аз ҷумла Шариф Раҳимзода- доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, ходими калони Институти иқтисодит ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи “Маърифати молиявӣ ва зарурияти он”, Досиев Маҳмадшоҳ-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи идоракунии молияи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат», Камолзода Илҳом Аскаралӣ-сардори раёсати таҳлил ва дурнамои даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Роҳҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ”, Шаҳбоз Бобомуродов-роҳбари шуъбаи кор бо ҳолатҳои қаллобӣ. Идораи кор бо қарзҳои мушкилситон ва ҳолатҳои қаллобӣ дар ҶСК “Алифбонк” дар мавзуи “Роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ ва таъмини бехатарии истифодаи пардохтҳо дар шароити рақамикунонӣ” маърӯзаҳои илмии худро диор ба “Баландбардории саводнокӣ ва маърифати молиявии аҳолӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” мавриди баррасӣ ва муҳокимаву омӯзиш қарор дода шуд. Иброз гардид, ки равнақи саводнокии молиявӣ дар муассисаҳои молиявии кишвар аз рушди иқтисоди рақамӣ вобастагии зич дорад, зеро гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва татбиқи муносибатҳои иқтисодӣ тариқи тенологияҳои инноватсионӣ нақши бонкҳоро дар иқтисодиёт боз ҳам боло мебарад. Ҳисоббаробракуниҳо миёни субъектони хоҷагидорӣ ба воситаи ташкилотҳои қарзӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ гардида, раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро суръат мебахшад. Бояд қайд намуд, ки технологияҳои инноватсионии фарогири ҳудуди васеъ бо суръати баланд тараққӣ намуда, тасаввуроти моро оид ба имкониятҳо куллан дигар месозанд.

Ҳамзамон Муборак Муқимӣ, докторанти PhD-и Донишгоҳи Акденизи Туркия, Роҳбари ҷавонон барои кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар Институти сулҳи Иёлоти Муттаҳида дар мавзуи “Аз дастрасӣ то салоҳият: Чи гуна малакаҳои рақамӣ иштироки иқтисодии занонро дар Тоҷикистон тағйир медиҳад” ва Ҷиссен Ҷасан-магистрант аз рӯи ихтисоси тиҷорати байналмилалӣ ва логистикаи Донишгоҳи Гелишими Истанбул, раиси ҷавонони Африқои Марказӣ дар мавзуи “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар содироти тиҷорати электронӣ” тариқи маҷозӣ (онлайн) бо маърӯзаҳои илман асоснок баромад намуданд.

Конфронс кори худро баъд аз ҷаласи ифтитоҳӣ тибқи барнома нимаи дуюми рӯз дар чор бахш ба роҳ монда, дар он маърӯзаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли ҳузурӣ ва ғоибона (маҷозӣ) мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки беш аз 140 нафар олимону муҳаққиқон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намудаанд, ки барои ҳалли проблемаҳои ҷойдошта нақши созгор мегузорад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!