, Шанбе, 06-декабр

ВАРЗИШ - ОМИЛИ СОЛИМӢ ВА ИТТИҲОД


ВАРЗИШ - ОМИЛИ СОЛИМӢ ВА ИТТИҲОД

Субҳи рӯзи шанбеи 6-уми декабри соли 2025, дар доираи идомаи чорабиниҳои варзишӣ, дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ бо иштироки роҳбарият, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории чунин тамринҳо таҳкими тарзи ҳаёти солим, тақвияти нерӯи ҷисмонӣ ва боло бурдани рӯҳияи донишҷӯён ва кормандон мебошад. Зери роҳнамоии омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ иштирокчиён маҷмӯи тамринҳои гуногуни варзиширо иҷро карданд.

Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ бори дигар таъкид сохт, ки масъалаи солимии ҷавонон ва тарғиби зиндагии солим яке аз самтҳои муҳими фаъолияти тарбиявӣ ва иҷтимоии донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Ин гуна иқдомҳо ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатӣ дар самти рушди варзиш миёни ҷавонон арзёбӣ мегардад.

Ин чорабинӣ тибқи нақша минбаъд низ идома хоҳад ёфт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!