, Шанбе, 06-декабр

ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ ДДК


ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКАИ ДДК

Имрӯз, 5 декабри соли 2025, ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар фазои идона бо эҳтирому ифтихори хос истиқбол намуданд. Маросими тантанавӣ дар доираи иқдоми Раёсати донишгоҳ ҷиҳати қадрдонии заҳмати илмиву эҷодии донишҷӯёни ғолиб баргузор гардид.

Ёдовар бояд шуд, ки 4 декабри соли 2025 толори пуршукӯҳи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ саҳнаи таҷлил аз яке аз рӯйдодҳои муҳим ва таърихии кишвар-маросими ниҳоии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид. Ин озмун, ки ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ ва рушди фикри созандаи ҷавонон нигаронда шудааст, ҳамасола ба саҳфаи рангоранги дастовардҳои маърифатии миллат рақами нав мезанад.

Хурсандиовар аст, ки донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бори дигар бо донишу истеъдод ва меҳнати содиқонаи худ парчами шукӯҳу ифтихори донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ баланд бардоштанд.

Аз ҷумла, Рустамова Мафтуна-донишҷӯи курси 3-уми ихтисоси рӯзноманигорӣ, бо роҳнамоии дотсент Алишери Абдулмаҷид, дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷойи якумро соҳиб гардид. Ҳамчунин Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, бо роҳнамоии дотсент Шамшоди Ҷамшед, дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик» сазовори ҷойи сеюм шуд.

Маросими пазироӣ дар даромадгоҳи факултет шуруъ гардида, дар толори Шурои олимони факултет бо баргузории ҷаласаи тантанавӣ идома ёфт. Дар он декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ашурова Нодира, дотсентон Холиқова Зайналбӣ, Шамшоди Ҷамшед, Алишери Абдулмаҷид ва дигар устодон суханронӣ намуданд. Онҳо ғолибонро барои дастовардҳои шоён табрику шодбош гуфта, баргузории озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро яке аз иқдомҳои илҳомбахши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номиданд, ки барои тарбияи ватандӯстӣ, болоравии фарҳанги мутолиа ва бедории зеҳни ҷавонон нақши муассир дорад. Дар зимн бо хушнудӣ ёдовар шуданд, ки Раёсати донишгоҳ бо баҳрагирӣ аз ҳидоятҳои созандаву маърифатпарварона дар ин роҳи хирадафзоӣ ҳамеша устодону донишҷӯёнро дастгирӣ менамояд.

Дар идома Рустамова Мафтуна, ғолиби озмун, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва сипосгузорӣ ба минбар баромада, аз Роҳбарияти олии кишвар барои фароҳам овардани чунин минбари васеъ барои аён сохтани маҳорату донишҳои ҷавонон изҳори сипос намуд. Вай ҳамзамон барои дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти донишгоҳ, ки ҳамеша барои рушд ва муваффақияти донишҷӯён шароити мусоид фароҳам меоранд, изҳори миннатдорӣ кард.

Профессорон, устодон ва донишҷӯёни факултет изҳор доштанд, ки минбаъд низ ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии мамлакат содиқона пойбанд буда, дар самти тарбияи маънавии ҷавонон, таҳкими ватандӯстӣ ва густариши фарҳанги китобхонӣ фаъолияту талошҳои бештар ба харҷ медиҳанд.

Онҳо бо итминони комил таъкид намуданд, ки чунин комёбиҳо оғози дастовардҳои боз ҳам бузургтару фараҳбахштар дар роҳи пешрафти донишгоҳ ва миллат хоҳанд буд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!