, Шанбе, 06-декабр

ИСТИҚБОЛИ ШОИСТАИ ДУРДОНАҲОИ ДОНИШГОҲ - ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”


ИСТИҚБОЛИ ШОИСТАИ ДУРДОНАҲОИ ДОНИШГОҲ - ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ”

Санаи 5 декабри соли 2025 дар саҳни бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ раёсат ва ҳайати устодону донишҷӯёни муассиса аз дурдонаҳои донишгоҳ-ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро дар вазъияти тантанавӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол намуданд.

Баъд аз истиқболи самимӣ ғолибон дар якҷоягӣ бо ҳайати раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар назди бинои маъмурӣ расми хотиравӣ гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли 2025, толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоҳиди яке аз рӯйдодҳои фараҳбахшу таърихсоз, маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҳар сол рӯҳияи илмомӯзӣ ва китобдӯстии ҷавононро боз ҳам қавитар месозад, гардид.

Бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз боз бо заҳмати фарзандони саодатманду боистеъдодаш дар саҳнаи ҷумҳурӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид. Дастаҳои олимпии донишгоҳ, ки бо рӯҳияи баланди масъулиятмандӣ ва муҳаббат ба фарҳанг ва китоб дар озмун ҳузур доштанд, тавонистанд натиҷаҳои шоиста ба даст оранд.

Аз ҷумла, Рустамова Мафтуна, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси рӯзноманигорӣ, бо роҳнамоии дотсент Алишери Абдулмаҷид, дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ғолиби ҷойи якум гардид.

Ҳамчунин, Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юми ҳамин факултет, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо роҳнамоии дотсент Шамшоди Ҷамшед, дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи сеюм гашт.

Сипас, дар толори маҷлиси бинои маъмурии донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан суханронӣ намуда, ғолибон ва роҳбаронашонро табрику шодбош гуфта, дастоварди бузург ва шоистаи ифтихорро дар ҳошияи истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 80-солагии ин боргоҳи илму маърифат ба ҳамагон табрику шодбош гуфт. Ҳамзамон қайд намуданд, ки шарафи бузург ва ифтихори фаровон аст, ки дастаи олимпии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо гирифтани 2 ҷойи намоён миёни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ифтихороти Донишгоҳро баланд бардоштанд.

Дар идома Рустамова Мафтуна-ғолиби озмун ба сухан ба сухан баромада, изҳори сипосу миннатдории самимонаи худро ба Роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати ташкил, дастгирӣ ва баргузор намудани чунин озмунҳои сатҳи баланд, ки ба болоравии завқи китобхонӣ ва рушду такомули зеҳнии ҷавонон мусоидат менамоянд, баён намуд. Ӯ ҳамзамон барои дастгириҳои пайваста, муҳайё намудани шароити мусоид ва таваҷҷуҳи махсус ба пешрафти донишҷӯён нисбат ба Роҳбарияти донишгоҳ низ изҳори миннатдорӣ кард.

Ҳамзамон сардори раёсати тарбия, дотсенти кафедраи психология Шарифов Анвар-ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» баромад намуда, бо сипосу қадршиносӣ аз дастгириҳои пайвастаи Роҳбарияти олии мамлакат дар самти ҳавасмандсозии ихтироъкорон ва навоварон ибрози андеша кард. Зикр гардид, ки дастгирии илм, навоварӣ ва ихтироъ сутуни асосии пешрафти ҷомеаи муосир аст.

Дар идома муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон фармоиши ректори Донишгоҳро оид ба ҳавасмандгардонидани ғолибон ва роҳбарони онҳо ба самъи ҳозирин расонида, ғолибон ва роҳбарони онҳо бо  сипоснома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!