, Шанбе, 06-декабр

ДУРАХШИ ДУРДОНАҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


ДУРАХШИ ДУРДОНАҲОИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

(Ҷойи якум ва сеюми донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар озмуни бошукӯҳ)

Имрӯз, 4 декабри соли 2025, толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоҳиди яке аз рӯйдодҳои фараҳбахшу таърихсоз, маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ҳар сол рӯҳияи илмомӯзӣ ва китобдӯстии ҷавононро боз ҳам қавитар месозад, гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, ки сухани ифтитоҳиро ба самъи ҳозирин расонид, таъкид намуд, ки ин озмуни бошукӯҳ таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузор гардида, ба тарбияи завқи адабӣ, баланд бардоштани фарҳанги мутолиа ва рушду камоли зеҳнии насли наврасу донишҷӯён аҳамияти калон дорад.

Бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ имрӯз боз бо заҳмати фарзандони саодатманду боистеъдодаш дар саҳнаи ҷумҳурӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардид. Дастаҳои олимпии донишгоҳ, ки бо рӯҳияи баланди масъулиятмандӣ ва муҳаббат ба фарҳанг ва китоб дар озмун ҳузур доштанд, тавонистанд натиҷаҳои шоиста ба даст оранд.

Аз ҷумла, Рустамзода Мафтуна, донишҷӯи курси 3-юми факултети филологияи тоҷик ва журналистика, ихтисоси рӯзноманигорӣ, бо роҳнамоии дотсент Алишери Абдулмаҷид, дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ғолиби ҷойи якум гардид.

Ҳамчунин, Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯи курси 3-юми ҳамон факултет, ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик бо роҳнамоии дотсент Шамшоди Ҷамшед, дар номинатсияи «Адабиёти классикии тоҷик», байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сазовори ҷойи сеюм гашт.

Тибқи муқаррароти озмун, дар соли 2025

 Ҷойи якум - 70 ҳазор сомонӣ,

Ҷойи дуюм - 50 ҳазор сомонӣ,

Ҷойи сеюм - 40 ҳазор сомонӣ

ҳавасманд гардонида мешавад, ки ин боз як далели қадрдонии воқеии соҳибмаърифатон ва аҳли илму фарҳанг аз ҷониби давлат мебошад.

Раёсати донишгоҳ ин дастоварди фараҳбахшро ба тамоми ҷомеаи меҳнатии муассиса, хусусан ба ғолибони азиз, устодони роҳнамо ва тамоми иштирокчиён табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ, эҷодкорӣ ва комёбиҳои минбаъда барору пирӯзиҳои нав ба нав таманно менамояд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!