, Ҷумъа, 05-декабр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ”

Имрӯз, 2.12.2025, дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Маърифати молиявӣ”, ки дар назди кафедраи молия ва қарз фаъолият мекунад, баргузор гардид. Дар кори маҳфил роҳбари маҳфил, ҳайати омӯзгорони кафедра ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Маҳфилро роҳбари он Муҳаммадҷони Азизуло оғоз намуда, дар бораи нақш ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар шароити муосир суханронӣ кард.

Баъдан, Раҳмонова Муниса-донишҷӯи соли сеюми ихтисоси кори бонкӣ, зери роҳбарии ассистенти кафедраи молия ва қарз Файзиддини Зуриддин, бо маърӯза дар мавзуи “Такмили механизми пастнамудани таваррум дар фаъолияти бонкӣ” баромад намуд. Маърӯза бо мисолҳои равшан ва таҳлилҳои муфид ҷараён гирифта, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва устодонро ҷалб кард.

Дар анҷоми маҳфил миёни донишҷӯён ва омӯзгорон мубодилаи афкор, саволу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодӣ сурат гирифт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!