, Ҷумъа, 05-декабр

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ПЛАТФОРМАИ РАҚАМИИ МУАССИСА МУАРРИФӢ ГАРДИД


ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ ПЛАТФОРМАИ РАҚАМИИ МУАССИСА МУАРРИФӢ ГАРДИД

Имрӯз, 2-юми декабри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни як ҷаласаи махсус бо иштироки ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҷонишинони деканҳо муаррифии “Платформаи рақамии донишгоҳ” баргузор гардид. Ҷаласа дар фазои кориву ҳамоҳангсозӣ ва бо рӯҳияи баланд аз нигоҳи рушди рақамии муассиса сурат гирифт.

Ректори донишгоҳ дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни суханронӣ, гузариш ба низоми автоматикунонии раванди фаъолият ва ҷорӣ намудани Платформаи рақамии донишгоҳро амали муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди технологияҳои иттилоотӣ, таҳкими ҳукумати электронӣ ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баланд бардоштани сифати таҳсилот арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки донишгоҳ бо татбиқи ин низоми рақамӣ ба марҳилаи нав, яъне марҳилаи идоракунии муосир, шаффоф ва самаранок ворид хоҳад шуд. Дар ин росто Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо баҳрамандӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти олии кишвар имкони татбиқи босамари нақшаи мазкурро хоҳад дошт.

Дар идомаи ҷаласа муовини ректор оид ба таълим, дотсент Абдусамадзода Эраҷ татбиқи Платформаи электрониро қадами устувор дар роҳи такмили идоракунии раванди таълим дониста, онро омили арзишманд дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар оид ба автоматикунонии низоми таълим хонд. Зикр намуд, ки бо роҳандозии чунин низом таълиму таҳсил дорои танзими возеҳ, шаффоф ва мутеъ ба меъёрҳои муосир хоҳад гардид.

Дар зимни ҷаласа мутахассисон Платформаи рақамии донишгоҳ, тарҳ ва сохтори барномаро барои иштирокчиён муфассал муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки гузариш ба платформаи нав омили созандаи рушди муназзами фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва маъмурии донишгоҳ буда, имкони идоракунии дақиқу самаранокро дар ҳамаи сатҳҳо фароҳам меорад.

Дар робита ба ин зикр шуд, Платформаи рақамии донишгоҳ заминаи устуворро дар самтҳои муттаҳидсозии равандҳои таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва иқтисодиро дар як низоми ягона, назорати мукаммали фаъолияти донишҷӯёнро аз марҳилаи қабули довталаб то хатм, ташкили равобити шаффоф ва танзимшударо миёни донишҷӯ, омӯзгор ва роҳбарияти воҳидҳо, тавсеаи имкониятҳои омӯзгорон, аз ҷумла тақсимоти сарбории таълимӣ, идоракунии синфҳо, қабули имтиҳонҳо ва ташкили триместрҳо, таҳия ва дастрасии маълумоти омории дақиқ, ки барои қабули қарорҳои стратегӣ дар сатҳи роҳбарият зарур мебошад ва ҳамчунин баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷӯёнро тавассути махзани электронии маводи таълимӣ ва захираҳои омӯзишии муосир замина фароҳам меорад.

Платформа ҳамчун системаи мукаммали назорату идоракунии муассиса амал карда, ба ҳар як самти фаъолият имконияти кори рақамию мутамарказро фаро меорад. Дар ин баробар платформаи мазкур ба баланд шудани самаранокии идоракунӣ, сарфаи вақт, кам шудани омилҳои хатогии инсонӣ ва афзоиши масъулияти сохторҳо мусоидат мекунад.

Ҷаласа бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфт. Иштирокчиён боварӣ ҳосил намуданд, ки Платформаи электронии донишгоҳ як дастовард ва қадами арзишманд дар рушди муассиса мебошад. Ин иқдом Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро ба сӯи низоми идоракунии муосир, шаффоф ва ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҳидоят намуда, шароит фароҳам меорад, то раванди таълим дар ин боргоҳи илму маърифат ба зинаҳои боз ҳам баландтар қадам ниҳад.

Амалигардонии иқдоми мазкур гувоҳи он аст, ки донишгоҳ дар пайравӣ ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳи инноватсионӣ, рақамисозӣ ва такмили сифати таҳсилро бо қадамҳои устувор пеш хоҳад бурд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!