, Ҷумъа, 05-декабр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: АНАЛИЗ И ВЫРАЗИТЕЛЬНОЕ ЧТЕНИЕ БАСНИ И.А. КРЫЛОВА «СТРЕКОЗА И МУРАВЕЙ»


ДАРСИ НАМУНАВӢ: АНАЛИЗ И ВЫРАЗИТЕЛЬНОЕ ЧТЕНИЕ БАСНИ И.А. КРЫЛОВА «СТРЕКОЗА И МУРАВЕЙ»

Дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавии муаллими калони кафедраи адабиёти хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус, Ҳалимова Мавҷуда, дар гурӯҳи таълимии-302 баргузор гардид. Машғулият ба мавзӯи “Анализ и выразительное чтение басни И.А. Крылова “Стрекоза и муравей” ” бахшида шуда, бо иштироки садорати факултет, устодон ва донишҷӯён ҷараён гирифт.

Ҳалимова Мавҷуда дар оғози дарс ҳадаф ва вазифаҳои асосии машғулиятро шарҳ дода, ба аҳамияти жанри басня дар адабиёти рус ва нақши И.А. Крылов дар рушди он ишора намуд. Ӯ моҳияти мавзӯъро бо мисолҳои равшан ва таҳлили илмӣ тавзеҳ дода, ба хусусиятҳои образҳои асосӣ - Стрекоза ва Муравей  таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард. Муаллима таъкид намуд, ки басня на танҳо асари бадеӣ, балки дарси ҳаётӣ низ мебошад, ки хонандаро ба меҳнатдӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва андешидани оқибати амалҳо ҳидоят мекунад.

Дар қисми амалӣ донишҷӯён порчаҳои интихобшуда аз басняро бо овози ифоданок қироат намуда, дар муҳокимаи маънои ва мазмуни тарбиявии он фаъолона иштирок карданд. Ҳалимова Мавҷуда ба ҳар як хондани ифоданок тавзеҳ дода, ба тарзи дурусти интонатсия, диксия ва эҳсосгузории матн таваҷҷуҳ намуд.

Дар ҷамъбасти дарс миёни устод ва донишҷӯён мубодилаи афкор сурат гирифт. Иштирокчиён таассуроти худро аз мазмун ва таҳлили басня баён намуда, донишу маҳорати хешро дар самти хондани ифоданок ва фаҳмиши бадеии асари Крылов таҳким бахшиданд. Дарси намунавӣ бо натиҷаҳои мусбат ва баҳогузории баланд аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон анҷом ёфт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!