, Ҷумъа, 05-декабр

ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ


ҶАМЪОМАДИ ИЛМӢ-ОМӮЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО/БПНМ

Дар факултети филологияи русии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба 1 декабр-Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи бемории ВНМО ва БПНМ бо ташаббуси кафедраи забони муосири рус ҷамъомади илмӣ-омӯзишӣ баргузор гардид.

Дар оғоз масъулини кафедра таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон, вусъати маърифати тиббӣ ва пешгирии хатарҳои марбут ба сирояти ВНМО/БПНМ мусоидат мекунад.

Сипас, Муродов Равшан, номзади илмҳои педагогӣ бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони «ВИЧ/СПИД-чума XXI века» баромад намуда, хусусиятҳои пайдоиш, роҳҳои интиқол, оқибатҳои иҷтимоӣ ва саломатии беморӣ, инчунин зарурати риояи меъёрҳои муҳофизат ва тарзи нигоҳубини шахсони мубталошуда ба таври муфассал тавзеҳ дод. Маърӯза бо мисолҳои воқеӣ ва таҳлилҳои илмӣ баён гардида, ба ҳозирин маълумоти муҳим ва арзишманд пешниҳод намуд.

Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён тавассути намоиши саҳначаи тарбиявӣ таҳти унвони «Как же уберечься от СПИДа?» баромад карданд. Дар саҳнача вазъиятҳои эҳтимолии хатари сироят, роҳҳои дурусти рафтор ва аҳамияти фарҳанги худогоҳиву эҳтиёт нишон дода шуд, ки таъсири баланди тарбиявӣ дошт ва аз ҷониби иштирокчиён бо эҳтиром қабул гардид.

Дар охир, миёни донишҷӯён ва омӯзгорон муҳокимаи судманд доир гардида, иштирокчиён андешаҳои худро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии сирояти ВНМО/БПНМ баён намуданд. Ташкилкунандагон таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт, зеро огоҳсозӣ ва маърифати ҷавонон яке аз роҳҳои муҳимтарини таъмини ҷомеаи солим мебошад.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!