,
Ҷумъа, 05-декабр
Дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ аз фанни математика аз ҷониби Акбарзода Маҳрамбӣ-дотсенти кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими он дар гурӯҳҳои таълимии 203-204-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дар мавзуи «Ёфтани калонтарин тақсимкунандаи умумии ададҳо» бо иштироки ҳайати омӯзгорони кафедра баргузор гардид.
Дотсент Акбарзода Маҳрамбӣ дарсро тибқи талаботи муосири раванди таълим ва меъёрҳои амалкунандаи мактаби олӣ оғоз намуда, мақсад, вазифа ва марҳилаҳои асосии дарсро ба донишҷӯён шарҳ дод. Дар раванди дарс устод усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла пажӯҳиш, мисолҳои амалии риёзӣ, кор бо гурӯҳҳо ва ҳаллу фасли масъалаҳои амалӣ тавассути алгоритмҳои математикӣ истифода бурд.
Сипас, донишҷӯён дар раванди корбарии амалӣ иштирок намуда, бо истифода аз қоидаҳо ва методҳои омӯзонидашуда роҳҳои дурусти ёфтани калонтарин тақсимкунандаи умумии ададҳоро мавриди амал қарор доданд. Ҳангоми иҷрои машқҳо донишҷӯён фикрҳои худро баён намуда, ҳалли масъалаҳоро шарҳ доданд ва бо устод дар муҳокимаи равандҳои ҳисоббарорӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар қисми ҷамъбастии дарс устод Акбарзода Маҳрамбӣ натиҷаҳои фаъолияти донишҷӯёнро таҳлил намуда, ба сатҳи дониши онҳо баҳои мусбат дод ва ҷиҳатҳои муҳимми дарсро хулосабардорӣ кард. Дар поён ҳайати омӯзгорони кафедра андешаҳои худро перомуни мазмун ва сифати дарси намунавӣ баён намуда, ҷиҳатҳои мусбат, навовариҳо, истифодаи методҳои муосир ва самаранокии раванди таълимро таъкид карданд.