,
Душанбе, 01-декабр
Имрӯз, 1-уми декабри соли 2025, дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан бо докторантони PhD-и муассиса баргузор гардид. Ҳадафи мулоқот ба тақвияти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, тарбия ва омоданамоии кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ, таҳия ва мураттабсозии рисолаҳои илмӣ ва боло бурдани ҳисси масъулиятшиносӣ дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ равона гардида буд.
Дар вохӯрӣ масъулони қисми илми муассиса, докторантони PhD-и курсҳои 1 то 3 донишгоҳ иштирок намуданд.
Дар оғоз ректори донишгоҳ иброз дошт, ки рушди илм омили асосии тараққиёти ҷомеа буда, иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар дар самти омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ вазифаи муҳими ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ мебошад. Имрӯз дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит барои таҳсилу омӯзиш ва пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар муассиса фароҳам оварда шудааст. Бо дарназардошти имконити мусоид дар муассиса докторантон вазифадор ҳастанд, ки рисолаҳои худро бо савияи баланди таҳлилӣ, асоснокӣ ва риояи меъёрҳои таҳқиқотӣ иҷро намоянд.
Ҳамчунин зимни суҳбат ректори донишгоҳ ба нуктаҳои муҳим дар раванди пешбурди кори илмӣ-тадқиқотӣ, ба монанди тартиб додани нақшаи дақиқи кори илмӣ, боло бурдани масъулиятшиносӣ дар таҳияи рисола, омода кардани мақолаҳо ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ҳамчун шарти асосии муваффақият, мушаххас кардани масъалаи илмӣ ва навоварӣ, истифодаи манбаъҳои боэътимоди илмӣ ва пойгоҳҳои иттилоотии ҷаҳонӣ, ташвиқи интизоми илмӣ, аз ҷумла анҷоми ҳар марҳилаи тадқиқот дар муҳлати муайяншуда ва ҳисоботдиҳӣ ба роҳбарони илмӣ ва густариши фаъолият дар самти чопи мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, ки барои ҳимояи рисола аҳамияти калидӣ дорад, аҳамияти хоса зоҳир намуданд.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ зикр кард, ки барои дастгирии фаъолияти илмӣ дар донишгоҳ тамоми шароитҳо, аз ҷумла, дастрасӣ ба пойгоҳҳои муосири иттилоотӣ, имконияти иштирок дар конфронсҳо, семинарҳо ва форумҳои илмӣ, инчунин дастгирии моддиву техникӣ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳим фароҳам оварда мешаванд. Аз докторантон даъват ба амал оварда шуд, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд.
Дар қисмати суолу ҷавоб докторантон чанд масъалаи муҳими амалӣ, аз ҷумла беҳтар намудани сифати роҳнамоии илмӣ, мусоидат ба чопи мақолаҳо ва таъмини шароити иловагӣ барои иҷрои корҳои таҷрибавиро пешниҳод карданд.