,
Душанбе, 01-декабр
Дар доираи татбиқи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар хобгоҳи донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ соати сиёсӣ аз ҷониби Ашурова Нодира-доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷики донишгоҳ дар мавзуи “Арзишҳои волои ватандорӣ дар тарбияи насли соҳибмаърифат” гузаронида шуд.
Зимни баромад ба нақши арзишҳои миллӣ, худшиносии таърихӣ ва масъулияти насли ҷавон дар равандҳои рушди устувори ҷомеа таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Гуфта шуд, ки ватандорӣ танҳо эҳсос нест, балки маҷмӯи амалҳо, масъулият ва ҷаҳонбиниест, ки решаи он дар худогоҳии миллӣ, дарки таърихи пурғановати халқи тоҷик ва эҳтиром ба пояҳои давлатдорӣ ҷой дорад. Насли соҳибмаърифат бояд ба ормонҳои миллӣ содиқ бошад, арзишҳои фарҳангиро ҳифз намояд ва ҳамчун узви фаъоли ҷомеа дар пешрафти кишвар саҳми арзанда гузорад.
Дар раванди суханронӣ нуктаҳои илмӣ ва андешаҳои таҳлилӣ оид ба робитаи ватандорӣ бо худшиносии фарҳангӣ, рушди фикрии ҷавонон ва тарбияи зеҳнии насли муосир баррасӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба мисолҳои таърихӣ ва симоҳои бузурги фарҳанги тоҷик, ки ватандориро ҳамчун меъёри асосии ҳастии миллӣ таблиғ мекарданд, дахл карда шуд. Таъкид гардид, ки мероси Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ ва дигар чеҳраҳои барҷаста яке аз сутунҳои маънавии тарбияи ватандӯстии ҷавонон мебошад.
Донишҷӯдухтарон ба муҳокимаи фаъолона ҳамроҳ гардида, саволҳои худро матраҳ намуда, дар бораи нақши ҷавондухтарон дар ҳифзи ормонҳои миллӣ ва боло бурдани нуфузи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд.
Дар ҷамъбаст профессор Ашурова Нодира таъкид намуд, ки ҳар ҷавон бояд дарк кунад: ватандорӣ аз худи мо оғоз мегардад, аз масъулият дар таҳсил, ахлоқи нек, эҳтиром ба қонун, ҳимояи дастовардҳои давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватан.
Чорабинии мазкур ба таҳкими ҷаҳонбинии сиёсӣ, донишҳои маънавӣ-идеологии донишҷӯён ва тарбияи рӯҳияи ватандӯстӣ миёни насли ҷавони донишгоҳ мусоидат намуд.