,
Душанбе, 01-декабр
Рӯзҳои 27-29 ноябри соли 2025 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии сайёҳии «Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо» таҳти унвони «Дар роҳи Абрешим» баргузор гардида истодааст. Дар кори ин ҳамоиши солона, ки мақсади он густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди кластерҳои сайёҳӣ дар фазои Осиёи Марказӣ мебошад, мутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ Сафарзода Сироҷиддин ба сифати намояндаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ иштирок дорад.
Форум дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Tourism on the Silk Road» роҳандозӣ шуда, доираи васеи мавзуъҳои марбут ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ дар самти идоракунии туризм, ҷалби технологияҳои инноватсионӣ, такмили иқтидори инсонии бахш ва тарғиби мероси фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.