,
Сешанбе, 10-декабр
Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастгирӣ ва ҳамкории пайваста дар самти рушди фаъолияти ҳизбӣ ва амали намудани ҳадафҳои созандаи он, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, пайваста сӯҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳад.
Дар тақвияти гуфтаҳои боло санаи 10-уми марти соли раовн тибқи нақша чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти вилояти Хатлон дар бинои маъмури Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ дар мавзуи “Ҷавонон ва манфиатҳои миллӣ” бо омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ котиби Ташкилоти ҳизбии "Олимон"-и донишгоҳ Бадалов Исфандиёр, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, Раҳимзода Меҳроҷ, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан” Ҷумҳурии Тоҷикистон Мунавараи Бозоралӣ ва дигарон иштирок доштанд.
Нахуст котиби Ташкилоти ҳизбии "Олимон"-и донишгоҳ Бадалов Исфандиёр суханронӣ намуда, аз фаъолияти Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯло Дилноза Шоева ва Мунавараи Бозоралӣ баромад намуданд. Зимна баромадҳои хеш қайд карданд: “Тавре медонем, ҷавонони соҳибиқболи даврони истиқлолият имрӯз дар меҳвари фаъоли ҲХДТ қарор доранд, зеро нақши ҷавонон дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб басо баланд арзёбӣ мегардад. Қобили қайд аст, ки имрӯз аксарияти аъзоёни ин ҳизбро ҷавонони бонангу номус, шарафманд ва фаъоли кишвар ташкил медиҳанд, ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи онро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон саҳми назаррас гузошта истодаанд”.
Дар охир аз ҷониби меҳмонон ба аъзоёни нави ТҶҶ “Созандагони Ватан” билетҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.