,
Душанбе, 24-ноябр
Бо ташаббуси факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хобгоҳи донишҷӯён ҳамоиши тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни чорабинӣ устодон ва донишҷӯён дар бораи мақоми Парчам ҳамчун рамзи Истиқлолият, ваҳдат ва давлатдорӣ сухан ронда, нақши он дар тарбияи худшиносиву ватандӯстии ҷавононро таъкид намуданд.
Гурӯҳи донишҷӯён бо қироати порчаҳои шеърӣ дар васфи Парчам ва Ватан баромад карданд, ки ба ҳамоиш фазои идонаву ватанпарастона бахшид.