,
Душанбе, 24-ноябр
Имрӯз дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дарс дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси химия–биология аз ҷониби Азизхуҷазода Сино, муаллими калони кафедраи биология ва методикаи таълими он, ки сарпарасти гурӯҳи таълимиро ба уҳда дорад гузаронида шуд.
Дар оғози дарс муаллим оид ба мақсад ва моҳияти Рӯзи Парчам сухан гуфта, таъкид кард, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдат ва ифтихори давлатдорӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиш ва эҳтироми хоса дорад.
Сипас, донишҷӯёни гурӯҳ бо маърӯзаҳои худ дар мавзуъҳои гуногун оид ба таърихи парчамдории тоҷикон, ҷойгоҳи Парчам дар ҷомеаи муосир ва нақши он дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон баромад намуданд. Инчунин, шеърҳо ва таронаҳои ватандӯстона дар васфи Парчам қироат гардида, фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ дар дарс ҳукмфармо шуд.
Дар бахши саволу ҷавоб донишҷӯён фаъолона ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи рамзҳои давлатӣ ва аҳамияти онҳо баён карданд. Дарси тарбиявӣ бо иштироки босамари донишҷӯён ва муҳокимаҳои судманд ҷамъбаст гардида, ҳадафи тарбиявӣ ва маърифати он пурра амалӣ гардид.
Роҳбарият ва омӯзгорони ҳузурдошта баргузории дарсро мусбат арзёбӣ карда, онро ҷавобгӯ ба талаботи методӣ ва барои боло бурдани сатҳи дониши донишҷӯён судманд номиданд.