,
Душанбе, 24-ноябр
Имрӯз (22.11.2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи таълимии 201-и ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик дарси тарбиявӣ аз ҷониби ассистенти кафедраи фалсафа, ҳамзамон ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети мазкур таҳти унвони «Парчам–рамзи соҳибихтиёрии давлат» баргузор гардид.
Муаллим дар оғоз ҳадаф ва аҳамияти баргузории дарсро шарҳ дода, таъкид намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳимми таърихи давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, бо мазмуну муҳтавои худ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстии шаҳрвандон ҷойгоҳи махсус дорад. Ӯ инчунин иброз дошт, ки Парчами давлатӣ рамзи истиқлол, ваҳдат ва сарбаландии миллат буда, омӯзиши таърих ва моҳияти он барои насли ҷавон басо зарур мебошад.
Сипас, маърӯзакунандагон Одинаева Сабрина дар мавзуи “Парчам барангезандаи эҳсоси ватандӯстии ҷавонон” ва Саидова Нигора дар мавзуи “Аз таърихи парчамдории Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Баъдан аз ҷониби донишҷӯёни гурӯҳ дар васфи Парчам шеър ва таронаҳои ватандӯстона қироат гардида, дарс бо руҳияи баланд ва эҳсоси самимӣ ҷараён гирифт.