, Душанбе, 24-ноябр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ПАРЧАМ –НИШОН АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТ


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ПАРЧАМ –НИШОН АЗ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор намудани дарсҳои кушоду намунавӣ аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва устодони донишгоҳ ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ҳамин замина, имрӯз (22 ноябри соли 2025) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи донишгоҳ, дарси намунавӣ дар мавзуи “Парчамат-нишон аз истиқлолият” доир гардид.

Дарсро ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Гиёева Тахмина дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси “Забон ва адабиёти тоҷик” баргузор намуд. Дар ҷараёни дарс ҳайати омӯзгорони кафедра, аз ҷумла устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъол иштирок намуданд.

Гиёева Тахмина дар оғози машғулият ҳадаф ва вазифаҳои асосии дарсро тавзеҳ дода, моҳияти мавзуъро шарҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи олии давлатдорӣ, нишони сарбаландии миллӣ ва яке аз муқаддасоти асосии кишвар, дар таҳкими худшиносӣ, ватандӯстӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим дорад. Парчам барои ҳар як шаҳрванди кишвар рамзи ифтихор, озодӣ ва идомаи суннатҳои давлатдории тоҷикон мебошад.

Дар қисми ҷамъбастии дарс миёни донишҷӯён ва ҳайати омӯзгорон мубодилаи афкор ва баҳсҳои судманд доир гардид. Донишҷӯён бо пешниҳоди андешаҳои худ доир ба нақши парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди ҷомеа ақидаҳои худро пешниҳод намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!