,
Душанбе, 24-ноябр
Дар Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар таҳти унвони «Парчамат боло парафшон-Тоҷикистон» баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифта, ҳадафи он баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Нахуст сардори марказ Амиров Файзуллохуҷа ба сухан баромада чорабиниро оғоз намуда, Парчами давлатиро ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи ифтихору ваҳдати тоҷикон мавриди қадршиносӣ қарор дод.
Сипас, Мазарипова Меҳрангез, докторанти факултети химия ва биология, дар мавзуи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз» андешаҳои худро баён намуда, ба арзиш ва ҷойгоҳи Парчам дар худшиносии миллӣ рӯшанӣ андохт. Каримова Нозия, донишҷӯи курси якуми факултети молиявию иқтисодӣ, бо маърӯзаи худ дар мавзуи «The national flag» баромад карда, тарҳи Парчами миллӣ ва маънои ҳар як унсури онро ба забони англисӣ шарҳ дод. Саидзода Суҳроб, донишҷӯи факултети филологияи рус, дар мавзуи «Флаг Таджикистана» суханронӣ намуда, аҳамияти ин рамзи давлатӣ ва нақши он дар тарбияи ҷавони худшиносу ватандӯстиро ба забони русӣ тавзеҳ дод.