, Ҷумъа, 10-июл

БАРГУЗОРИ ДАРСИ НАМУНАВӢ


БАРГУЗОРИ ДАРСИ НАМУНАВӢ

Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дарси мазкурро Комилов Назрулло, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими он, дар гурӯҳи 104-и ихтисоси биология–экология баргузор намуд.

Дар оғоз омӯзгор оид ба таъриху мавқеи Парчами давлатӣ, аҳамияти он ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва нақши Парчам дар таҳкими худшиносии ҷавонон маълумоти мухтасар пешниҳод карда, аз донишҷӯён даъват намуд, ки ба рамзҳои миллӣ бо эҳтироми хоса муносибат намоянд.

Дар ҷараёни дарс донишҷӯён бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аз ҷумла баҳси озод, пурсишу посух ва кор дар гурӯҳ, инчунин қироати порчаҳои шеърӣ, иҷрои сурудҳои ватандӯстона ва ироаи маърӯзаҳои мухтасар дар бораи Парчам, донишу тасаввуроти худро оид ба таркибу маънои рамзии он тақвият доданд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_p6d3lbklomktieho3rk25tql0q in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_p6d3lbklomktieho3rk25tql0q): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ud2235n2ktiin8enu4cun2ts3c in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_ud2235n2ktiin8enu4cun2ts3c): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274