, Ҷумъа, 21-ноябр

ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


ДАРСИ ТАРБИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи 201-и ихтисоси таърих дарси тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дарс аз ҷониби ассистенти кафедраи ҳуқуқшиносӣ Дустов Насим ташкил ва гузаронида шуд.

Дар оғоз муаллим суханронӣ намуда, мақсад ва аҳамияти баргузории чунин дарсҳоро шарҳ дод. Ӯ иброз дошт, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии миллат буда, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба он ҳар фарди ҷомеаро ба эҳсоси баланди ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ раҳнамоӣ мекунад.

Сипас донишҷӯён бо барномаву баромадҳо фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар бораи таърихи пайдоиш, рамзшиносӣ, аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Парчами давлатӣ фикру андеша баён карда, маърӯзаҳои кӯтоҳи худро ироа намуданд. Дар идома бархе аз донишҷӯён порчаҳои шеърӣ ва байтҳои марбут ба Парчамро қироат намуданд.

Дарси тарбиявӣ дар фазои самимона, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ сурат гирифта, саҳми муҳим дар тарбияи эҳсоси эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва боло бурдани маърифати донишҷӯён заминаи мусоид гузошт.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!