,
Ҷумъа, 21-ноябр
Дар Маркази ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби Мирзоева Бунафша-дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими он дар гурӯҳи таълимии 302-и ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ дарси намунавӣ дар мавзуи «Сохтани гулҳо бо истифода аз санъати квиллинг» баргузор гардид.
Дар оғоз, тибқи талаботи мактаби олӣ, омӯзгор мавзуъро шарҳ дода, ба донишҷӯён хусусият, қоида ва имкониятҳои квиллингро фаҳмонд. Пас аз шарҳи муаллима, донишҷӯён вобаста ба мавзуъ изҳори назар намуда, андешаву дониши худро дар бораи ин навъи ҳунари зариф баён карданд.
Баъдан омӯзгор ба донишҷӯён намунаи амалӣ пешниҳод намуда, тарзи сохтани як навъи гули қоғазиро қадам ба қадам нишон дод. Дотсент Мирзоева Бунафша супориш дод, ки донишҷӯён мувофиқи намуна ва бо интихоби ранги мувофиқ гули худро омода намоянд. Дар ҷараён донишҷӯён бо шавқу ҳавас кор карда, маҳорати худро дар кор бо қоғаз ва тарҳсозӣ нишон доданд.
Дарси намунавӣ дар фазои эҷодӣ ва омӯзанда баргузор шуда, ба рушди завқи бадеӣ, малакаи амалӣ ва ҳунаромӯзии донишҷӯёни ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ мусоидат намуд.