,
Ҷумъа, 21-ноябр
Дар факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар гурӯҳи таълимии 105-и ихтисоси химия–экология дарси тарбиявӣ дар мавзуи «Парчам – муаррифгари давлату миллат» баргузор гардид. Дарсро омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими он, сарпарасти гурӯҳ Шарифова Бунафша гузаронд.
Дар ҷараёни дарси тарбиявӣ донишҷӯён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ шеъру таронаҳоро қироат намуда, маърӯзаҳои худро оид ба таърих, ҷойгоҳ ва аҳамияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа карданд.
Қайд гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ ифодаи ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ормонҳои олии мардуми тоҷик буда, нақши муҳимро дар таҳкиму густариши ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон дорад.
Дарси тарбиявӣ дар фазои сиёсиву фарҳангии созанда баргузор гардида, ба таҳкими арзишҳои миллӣ ва боло бурдани эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ миёни донишҷӯён мусоидат намуд.