,
Ҷумъа, 21-ноябр
Имрӯз (20.11.2025) дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҷониби кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар маърӯзаи ҷонишини декан оид ба тарбия Қурбонзода Каромутулло дар мавзуи "Мафҳум ва мазмуни рангҳои парчами давлатӣ" ва мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он, номзади илмҳои педагогӣ Лоиқов Парвиз дар мавзуи "Аз дирафши ковиён то парчами тоҷикон" ироа гардид.
Қайд карда шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси давлатдорӣ, ваҳдат, сулҳу субот ва соҳибихтиёрии миллии кишвар ҷойгоҳи хос дошта, ҷавононро водор месозад, ки ба рамзҳои давлатӣ эҳтироми баланд зоҳир намоянд. Гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, балки василаи таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон мебошад. Инчунин таъкид доштанд, ки дар шароити ҷаҳони муосир тарғиби арзишҳои миллӣ, хусусан рамзҳои давлатӣ, нақши муҳим дар тарбияи насли нав бозида, донишҷӯён бояд дар посдорӣ ва ҳифзи онҳо намуна бошанд.
Дар анҷом миёни иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи афкор доир сурат гирифт.