,
Панҷшанбе, 20-ноябр
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ муҳокимаи рисолаи диссертатсионии унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷик Шодизода Саодат Исломхон дар мавзуи “Ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ (1991-2021) дар мисоли минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон”, зери роҳбарии доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода Аҳмадхон Амрохон баргузор гардид.
Дар муҳокима профессор Абдуллоев Маҳмуд, декани факултет, дотсент Каримҷонзода Манучеҳр, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Назарзода Пиралӣ ва ҳайати профессорон, дотсентон ва номзадони илм ва дигар омӯзгорон иштирок доштанд.
Дар рафти муҳокима ҳамчун муқарризон номзади илмҳои таърих, дотсент Шовалиева Мумина, доктори илмҳои таърих, профессор Абдуллоев Маҳмуд, номзади илмҳои таърих, дотсент Сафаров Холмад ҳусну қубҳи рисолаи илмиро арзёбӣ ва пешниҳоду тавсияҳои худро ироа карданд. Ҳамин тариқ, рисолаи илмии Шодизода Саодат бо дар назардошти тавсияҳо анҷомёфта ҳисобида шуда, барои муҳокимаи давраи навбатӣ тавсия карда шуд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба муҳаққиқ ва роҳбари илмиаш барору комёбиҳо таманно намуда, ба ӯ дар ҷодаи илму дониш муваффақиятҳои нав ба навро орзу менамояд.