, Якшанбе, 05-апрел

ВОХӮРӢ ИТТИЛООТӢ ДАР МАВЗУИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ


ВОХӮРӢ ИТТИЛООТӢ ДАР МАВЗУИ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии тарбиявию иттилоотӣ оид ба мавзуи “Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” баргузор гардид. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб доир шуда, ҳадаф аз он баланд бардоштани маърифати роҳу нақлиёт ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо миёни донишҷӯён буд.

Дар вохӯрӣ сардори раёсати тарбияи донишгоҳ, дотсент Шарипов Анвар, лейтенанти калони БДА Мадализода Сиёвуш ва лейтенанти калони БДА Рустамов Валибой иштирок ва суханронӣ карданд. Баромадкунандагон оид ба аҳамияти риояи қатъии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан дар шароити афзоиши нақлиёт, маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Масъулони БДА ба донишҷӯён фарқияти аломатҳои роҳ, қоидаҳои ҳаракат барои пиёдагардон ва қоидаҳои асосии идоракунии воситаҳои нақлиётро шарҳ доданд. Ҳамзамон, таҳдидҳои эҳтимолӣ, сабабҳои асосии садамаҳои нақлиётӣ ва роҳҳои пешгирии онҳо бо мисолҳои зинда ва ҳолатҳои воқеӣ фаҳмонида шуданд.

Пас аз баромадҳо миёни донишҷӯён ва намояндагони БДА саволу ҷавоби фаъол баргузор гардид. Донишҷӯён саволҳои худро дар бораи масъулияти ронандагон, қоидаҳои бехатарии пиёдагардон ва ҳолатҳои баҳсбарангези роҳу нақлиёт пешниҳод карданд, ки ба онҳо ҷавобҳои пурра ва асоснок дода шуд.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_4meqeo1kbbkjcqdgo1t8nmubt5 in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_4meqeo1kbbkjcqdgo1t8nmubt5): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_nv70q4n0dougu763uig4e4jgdq in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_nv70q4n0dougu763uig4e4jgdq): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274