,
Панҷшанбе, 20-ноябр
Дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дарс аз ҷониби омӯзгори кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит бо ҳадафи баланд бардоштани эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ дар миёни донишҷӯён гузаронида шуд.
Дар ҷараёни дарс таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддастарин рамзҳои миллӣ буда, таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва худшиносии давлатӣ мебошад. Иштирокчиён бо таърихи пайдоиш, мақоми ҳуқуқӣ ва арзишҳои маънавию сиёсӣ, ки дар ин рамзи давлатӣ таҷассум ёфтаанд, шинос карда шуданд.
Донишҷӯён бо ибрози фикру андеша, саволу ҷавоб ва баромадҳои кӯтоҳ дар раванди дарс фаъолона иштирок намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ барои таҳкими худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ миёни ҷавонон саҳми арзанда дорад.