, Панҷшанбе, 20-ноябр

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР-ХАЗИНАИ ЗАР”


БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ҲУНАР-ХАЗИНАИ ЗАР”

Дар маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Ҳунар - хазинаи зар”-и назди кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва методикаи таълими онҳо бо иштироки роҳбари маҳфил Раҳматов Ҷумахон, муаллими калони кафедра Пулодов Амирҳамза ва аъзоёни маҳфил баргузор гардид.

Сараввал роҳбари маҳфил Раҳматов Ҷумахон суханронӣ намуда, ба ҳозирин барномаи маърӯзаҳои баррасишавандаи маҳфилро маълумот доданд.

Сипас, донишҷӯёни факултет: Жасминаи Р. дар мавзуи “Санъати адрасбофӣ ва рушди он дар замони муосир” ва Мавзунаи А. -дар мавзуи “Таърихи санъати кулолгарӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар маҳфил маҳсули дасти донишҷӯён, аз қабили тасвири нақшу нигорҳои санъати кулолгарӣ, ки бо ёрии омӯзгорони дар рӯи коғаз тасвир шудаанд, ба маърази тамошо гузошта шуд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!