,
Панҷшанбе, 20-ноябр
Имрӯз, 18 ноябри 2025, дар факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ бо унвони “Рушди технологияҳои иттилоотӣ: тамоюлҳо ва дурнамои муосир” баргузор гардид. Конфронс бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (Солҳои 2020-2040), инчунин “Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030” ва 80-солагии таъсиси муассиса сурат гирифт.
Дар конфронс сардори раёсати илм ва инноватсия, дотсент Расулова Лутфия, декани факултет, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самарддинова Зайнаб, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн Шоҳсанами Ризо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал, декани факултет, дотсент Самарддинова Зайнаб суханронӣ намуда, ба аҳли нишаст дар бораи аҳамияти рушд ва омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар давраи муосир изҳори назар намуд. Баъдан, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва Web-дизайн, Шоҳсанами Ризо, дар бораи мавзуъҳои асосии конфронс, ки ба таҳлили рушди технологияҳои иттилоотӣ ва заминаҳои илмии он мепардозанд, маълумот дод.
Вазъи илм ва технологияи муосир дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ дар конфронс бо маърӯзаҳои таҳқиқотии мутахассисон ва омӯзгорон баррасӣ шуд. Аз ҷумла, Фурқати Сикандарӣ, номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калони кафедра дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ва рушди илм, саноат ва ҷомеа” суханронӣ кард, ки дар он имкониятҳои зеҳни сунъӣ барои навовариҳои илмӣ ва татбиқот дар саноат ва ҷомеа бо тафсирҳои амиқ таҳлил гардид.
Маърӯзаи дигари муаллими калони кафедра, Ятимов Ҳомид, дар мавзуи “Зеҳни сунъӣ ҳамчун омили тағйироти методи таълим” ба эҳтимолияти таъсири технологии муосир ва зеҳни сунъӣ дар методологияи таълим ва ҷараёни омӯхтани донишҳо дахл намуд.
Ҳамчунин, Назаров Аминҷон, докторанти кафедра дар мавзуи “Имкониятҳои илмӣ дар рушди технологияҳои рақамӣ” слайдҳо ва таҳқиқот оид ба истифодаи технологияи рақамӣ дар рушд ва инноватсияҳои илмӣ пешниҳод намуд.
Конфронс бо мубодилаи афкор миёни устодон ва донишҷӯён ҷамъбаст гардид. Саъю кӯшиши иштирокчиён дар баррасии мавзуъҳои мухталифи илмӣ ва ахбори муосир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ нишон дод, ки сиёсати кишвар дар соҳаи илм ва инноватсия дар ҳоли рушди мунтазам қарор дорад.