,
Панҷшанбе, 20-ноябр
Бо ҳамин ном 18-уми ноябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати магистрантон ва докторантон (PhD) аз рӯйи ихтисос дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Президент ва 33-солагии иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори конфронс ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ҳайати профессорон, омӯзгорон, магистрантон ва докторантони (PhD)-и донишгоҳ иштирок намуданд. Масъулияти пешбурди кори конфронсро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, дотсент Камолзода Шодмон бар уҳда дошт.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Ректори донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ ҳамаи иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро ба муносибати рӯйдодҳои муҳими сиёсиву таърихии кишвар, яъне солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ, бахту иқболи нек, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва комёбиҳои беназир орзу намуд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки ҳамасола таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи арҷгузорӣ ба мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хирад, матонат ва садоқати худ дар роҳи хизмат ба Ватан тавонистанд халқи Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд ва заминаи давлатдории муосирро гузоранд.
Таърих гувоҳ аст, Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, барои тақдири давлат ва миллати тоҷик нақши муассир дорад. Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва ҷойгоҳи Иҷлосияи тақдирсозро дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон сароғози давлатдории навини мо донистаанд.
Дар идома тибқи барномаи конфронс сардори шуъбаи тайёркунӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои илмӣ-педагогии донишгоҳ, дотсент Исозода Собир дар мавзуи “Нақши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар омода кардани мутахассисони рақобатпазир дар фаъолияти инноватсионӣ”, докторант аз рўйи ихтисос (PhD)-и ихтисоси таърихи факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатмуродов Қурбоналӣ дар мавзуи “Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори сиёсати ҷаҳонӣ ва бунёдкори иқдомҳои беназир” ва магистранти курси 2-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, факултети филологияи тоҷик ва журналистика Сафарова Манижа дар мавзуи “Нақши китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”-и Эмомалӣ Раҳмон дар муаррифии забони тоҷикӣ” маърӯза намуданд.
Баромадкунандагон қайд доштанд, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳо, яъне сиёсат, иқтисодиёт, маориф, фарҳанг, илм ва иҷтимоиёт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Барномаҳои стратегӣ, аз ҷумла ҳадафҳои миллии кишвар - расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар бо муваффақият амалӣ шуда истодаанд.
Таҷлили Рӯзи Президент ва ёдоварӣ аз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ин на танҳо эҳтиром ба як шахсияти таърихӣ, балки нишони шукргузорӣ аз сулҳ, ваҳдат ва давлати озоду соҳибистиқлоли мост.
Кори конфронс нимаи дуюми рӯз бо баррасӣ ва муҳокимаи беш аз 80 мақолаи олимону донишмандон дар 3 бахш ба охир расид.