, Чоршанбе, 03-июн

ОҒОЗИ РӮЗ БО НЕРӮИ НАВ


ОҒОЗИ РӮЗ БО НЕРӮИ НАВ

Субҳи рӯзи шанбеи 15-уми ноябри соли 2025 дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ машқи дастаҷамъии пагоҳирӯзӣ бо ҳузури фаъолонаи устодон, роҳбарият ва донишҷӯён доир гардид. Ин иқдом дар остонаи истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ баргузор шуд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузории чунин машқҳо, таҳкими зиндагии солим, боло бурдани рӯҳия ва нерӯи ҷисмонии кормандону донишҷӯён мебошад. Тамринҳо бо роҳнамоии омӯзгорони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълим сурат гирифта, иштирокчиён силсилаи машқҳои гуногуни варзиширо иҷро намуданд.

Ҳузури роҳбарияти донишгоҳ бори дигар нишон дод, ки масъалаи солимии ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар маркази таваҷҷуҳи онҳо қарор дорад. Ин барнома дар чорчӯби амалисозии сиёсати давлатӣ оид ба густариши варзиш миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст.

Баргузории чунин машқҳои субҳгоҳӣ тибқи нақша минбаъд низ идома меёбад.




Ба рӯйхат


Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_48mh94snl4hffd6nat0vnu32kt in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_48mh94snl4hffd6nat0vnu32kt): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_v9gmk8dh3c5b34659npe4assdg in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274

Warning: unlink(/var/www/new.kgu.tj/html//sessions/sess_v9gmk8dh3c5b34659npe4assdg): No such file or directory in /var/www/new.kgu.tj/html/lib/prog_functions.php on line 274