,
Шанбе, 15-ноябр
Имрӯз (14.11.2025) дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии ҷамъияти илмии донишҷӯён бо иштироки роҳбари маҳфил ва омӯзгорону аъзоёни маҳфил баргузор гардид.
Сараввал, роҳбари маҳфил Ҳаёзода Қиёмиддин маҳфилро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҳфил шинос намуданд.
Сипас, Сафарзода Сафаралӣ- донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси аудит ва ревизия дар мавзуи “Асосҳои назариявии ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ дар шароити рақамикунонӣ” маърӯзаи худро ироа намуд.
Маърӯзакунанда дар баромади худ иброз дошт, ки рақамикунонии иқтисод ва ҷорӣ гардидани технологияҳои иттилоотӣ дар фаъолияти ташкилотҳо ба низоми баҳисобгирии муҳосибӣ таъсири ҷиддӣ расонданд. Агар дар давраҳои гузашта баҳисобгирӣ асосан ба усулҳои дастӣ, дафтардорӣ ва тартиботи анъанавӣ такя мекард, имрӯз он ба равандҳои автоматикунонидашуда, таҳлилҳои фаврӣ ва қабули қарорҳои сареъ асос ёфтааст.
Дар бахши музокирот саволу ҷавоб миёни донишҷӯёну омӯзгорон баргузор гардид.