, Шанбе, 15-ноябр

КОНФРОНС. ТАРКИБИ ХИМИЯВИИ ОБҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ХУСУСИЯТИ ШИФОБАХШИИ ОН


КОНФРОНС. ТАРКИБИ ХИМИЯВИИ ОБҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ХУСУСИЯТИ ШИФОБАХШИИ ОН

Имрӯз (14.11.2025) бо чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси факултети химия ва биология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бахшида ба эълон гардидани даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 80-солагии донишгоҳ дар ҳошияи истиқбол аз солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конфронс ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, дотсент-Сафарзода Мунир Ватан, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими донишгоҳ - Холиқзода Сафар, омӯзгори кафедраи географияи иқтисодӣ ва методикаи таълими географияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав-Ализода Нусратулло, омӯзгори кафедраи химияи биологии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон - Ҳусейнов Холид ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Масъулияти пешбурди кори конфронсро сардори Маркази матбуоти донишгоҳ Муҳаммадҷони Абдувоҳид бар уҳда дошт.

Ректори Донишгоҳ, дотсент Сафарзода Мунир Ватан зимни сухани ифтитоҳӣ ташрифи меҳмонони гиромиқадр, олимону донишмандонро ҷиҳати иштирок дар конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии донишгоҳ таҳти унвони «Таркиби химиявии обҳои Тоҷикистон ва хусусияти шифобахшии он» самимона хайрамақдам гуфта, ҳамзамон ҳозиринро ба муносибати рӯйдодҳои ниҳоят муҳими сиёсиву таърихии кишвар, яъне солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олиӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфт.

Дар идома бо таваҷҷуҳ ба масъалаи кори конфронс зикр гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза, ки рушди устувори давлатҳо аз сатҳи донишу маърифат, илму технология ва тафаккури эҷодии мардум вобастагии амиқ дорад, нақши илмҳои табиӣ ва махсусан илми кимиё дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими инсоният торафт бештар эҳсос мегардад.

Масъалаи ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар меҳвари сиёсати экологӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон қарор дорад. Маҳз дар натиҷаи заҳмату сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалии об шинохта шудааст. Аз ҷумла, ташаббусҳои байналмилалии кишвари мо - «Соли оби тоза» (2003), «Даҳсолаи амалиёти “Об барои ҳаёт”» (2005-2015), «Дипломатияи об» (2013) ва «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”» саҳми муҳими Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои об дар сатҳи ҷаҳон нишон медиҳанд.

Бо дарки амиқи ин воқеият, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 марти соли 2021 дар мулоқоти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки мутобиқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, минбаъд 21 март дар сарорсари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо таҷлил карда мешавад.

Зимнан, Холиқов Сафар, номзади илмҳои химия, дотсент дар мавзуи “Об- гаҳвораи ҳаёт дар сайёраи Замин”, Ҳусейнов Холид - омӯзгори кафедраи химияи биологии Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар мавзуи “Обҳои маъдании Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Хоҷаев Исроил - омӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи “Таъсири ифлосшавии манбаъҳои обӣ аз партовҳо” ва Ёрмадов Рустам - омӯзгори кафедраи химия ва методикаи таълими он дар мавзуи “Нақш ва мақоми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Қайд гардид, ки Тоҷикистон на танҳо ватани кӯҳҳои осмонбусу пиряхҳои азим, балки сарзамини чашмаҳои нодири табиӣ ва обҳои шифобахш мебошад. Аз қадим мардумони мо ба неруи поксозандаву муолиҷавии обҳои минералӣ ва чашмасорони кӯҳистон таваҷҷуҳи махсус доштаанд.

Обҳои табиии Тоҷикистон дорои таркиби гуногуни химиявӣ буда, аз моддаҳои минералӣ, ионҳо ва микроэлементҳое иборатанд, ки барои саломатии инсон таъсири мусбат доранд. Манбаъҳои маъруфи Гармчашма, Обигарм, Хоҷаобигарм, Хоҷа Сангҳо ва даҳҳо чашмаҳои дигар намунаҳои зиндаи ганҷинаи табиати Тоҷикистонанд, ки таҳқиқи илмии онҳо имконият медиҳад, хусусиятҳои табобатӣ, шифобахшӣ ва иқтисодии обҳои кишвар дақиқ муайян гардад.

Тибқи маълумот кори конфронс дар нимаи дуюми рӯз бо баррасии беш аз 60 мақолаи олимону донишмандон ва устодону кормандон дар бахшҳо ҷараён гирифт. Иштирокчиён маърӯзаҳои худро пешниҳод ва масоили марбут ба таркиби химиявии обҳои Тоҷикистон ва хусусияти шифобахшии онро баррасӣ намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!