,
Ҷумъа, 14-ноябр
Имрӯз 14.11.2025 дар факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Риёзидон” назди кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳо баргузор гардид.
Дар маҳфил мудири кафедра, номзади илмҳои таърих, муаллими калони Гулмадов Маҳмадалӣ, муаллимони кафедра Давлатов Тулқун, Абдуллоев Диловар, роҳбари маҳфил Мавлонов Сулаймон ва ҳайати дигари омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии роҳбари маҳфил оғоз гардид. Зимни суханронии худ ӯ муҳимияти маҳфилро дар рушди тафаккури математикӣ ва таҳкими донишҳои назариявию амалии донишҷӯён таъкид намуд.
Дар идома Гулсумани Музаффар, донишҷӯи курси дуюми факултет, дар мавзуи “Методикаи ҳалли муодилаҳо дар синфҳои ибтидоӣ" ва Қурбонова Оиша, донишҷӯи курси сеюми факултет, дар мавзуи “Хусусиятҳои таълими элементҳои математика дар кӯдакони синни томактабӣ” маърӯзаҳои худро ироа намуданд. Маърӯзачиён иброз доштанд, ки омӯзиши амиқи фанҳои табиӣ ва риёзӣ на танҳо барои ихтисосҳои марбута муҳим мебошад, балки дар ташаккули тафаккури мантиқӣ ва илмӣ низ нақши калидӣ дорад.
Дар охир, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои судманд ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти маҳфил иброз гардиданд.