, Ҷумъа, 14-ноябр

БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ


БАРГУЗОРИИ ДАРСИ НАМУНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ

Имрӯз, 14 ноябри соли 2025, дар факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ аз ҷониби Гулов Рустам, муаллими калони кафедраи иқтисодиёти корхонаҳо ва соҳибкорӣ, барои гурӯҳҳои 104–108, ихтисосҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Дарс ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар доираи фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии факултет ҳамчун як ташаббуси муҳимми омӯзишӣ роҳандозӣ гардид.

Дар оғози дарс устод Гулов Рустам баромад намуда, аз ҷумла ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва пешрафти иқтисодиёти кишвар ишора кард. Ӯ таъкид намуд, ки Иҷлосияи XVI нуқтаи гардиши таърихии миллат буда, заминаи рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард.

Сипас, донишҷӯён бо маърӯзаҳо ва баромадҳои мавзуӣ суханронӣ намуданд.

Дар дарс аз усулҳои муосири таълим-таҳлилҳои амалӣ, муҳокимаҳои гурӯҳӣ ва пешниҳоди хулосаҳои таҳқиқотӣ васеъ истифода шуд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯён ба муҳити созандаи дарс ранги тоза бахшид.

Дар анҷом иштирокчиён баргузории чунин дарсҳои намунавиро муҳим арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки онҳо ба ғанигардонии дониш, таҳкими маҳорати таҳлил ва боло бурдани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мусоидат менамоянд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!