, Ҷумъа, 14-ноябр

ТОҶИКИСТОН БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ПЕШ


Фото 2
Фото 3
Фото 4
Фото 5
Фото 6
Фото 7
Фото 8
Фото 9
Фото 10
Фото 11
Фото 12

Бо ҳамин шиор имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ва дар ҳошияи истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Иҷлосияи тақдирсози миллат аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.

Дар рафти аксия иштирокчиён бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бо дар даст доштани расми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расмгирӣ намуда, ҳамбастагии худро бо сиёсати созандаи давлату Ҳукумат баён доштанд. Ба иштирокчиён нишони сарисинагӣ бо рамзи Пешвои миллат ва навиштаҷоти «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!» тақдим карда шуд, ки он рамзи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба роҳбари хирадманду маърифатпарвари кишвар маҳсуб меёбад.

Чунин иқдомҳо, ки бо ҳадафи баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ миёни ҳайати раёсат, устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса роҳандозӣ мегарданд, нақши муассир дар таҳкими иттиҳоду ҳамраъйӣ ва бедор намудани ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ хоҳад гузошт.

Бояд қайд намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷашни рамзии як мақоми олии давлатӣ, балки рӯзи ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати кулли мардуми кишвар аст. Ин сана бо номи фарзонафарзанди миллат, Пешвои тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ҷудонашаванда дорад. Маҳз бо иродаи қавӣ, рӯҳи хастанопазир ва хирадмандии сиёсӣ ин абармарди таърих тавонист дар давраи пурошӯби тақдирсоз кишвари азизамонро ба сӯйи сулҳ, субот ва шукуфоӣ раҳнамоӣ кунад.

Имрӯз ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат қадам ба сӯйи ояндаи дурахшон мегузоранд ва бо итминони комил мегӯянд: «Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!»




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!