, Ҷумъа, 14-ноябр

ДАРСИ НАМУНАВӢ: ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ВА САМТҲОИ РУШДИ ОН ДАР КИШВАР


ДАРСИ НАМУНАВӢ: ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ ВА САМТҲОИ РУШДИ ОН ДАР КИШВАР

Имрӯз, 13 ноябри соли 2025, дар факултети география ва иқтисодиёти рақамии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дарси намунавӣ аз ҷониби муаллими калони кафедраи иқтисодиёти рақамӣ ва идоракунӣ Талбаков Лутфулло дар гурӯҳи 103-и ихтисоси “Маркетинг” баргузор гардид.

Дарс дар мавзуи «Имкониятҳои сайёҳӣ ва самтҳои рушди он дар кишвар» баргузор шуда, ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар оғози дарс устод Талбаков Лутфулло оид ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, суханронӣ намуд. Ӯ зикр кард, ки Пешвои миллат ба рушди инфрасохтор, таблиғи мероси фарҳангӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Баъдан донишҷӯёни гурӯҳ бо маърӯзаҳо ва баромадҳои мавзуӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки рушди он ва нақши сиёсати давлатӣ дар ин самт баромад намуданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!