, Панҷшанбе, 13-ноябр

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН


ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-АСОСГУЗОРИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ ТОҶИКОН

Имрӯз (13.11.2025) дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик ва журналистика бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории навини тоҷикон” баргузор гардид.

Кори конфронс бо садо додани Суруди миллӣ чун рамзи садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ва муҳаббат ба Ватан оғоз ёфт, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ҳувияти миллиро дар оғоз ба фазои ҳамоиш ворид намуд.

Декани факултет, дотсент Зулфиев Гадомад зимни сухани ифтитоҳии конфронс аҳли нишастро бахшида ба ин рӯйдоди ниҳоят муҳимми сиёсиву таърихии кишвар, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно намуд.

Зикр гардид, ки Рӯзи Президент- ин ҷашни муҳимми миллӣ ва рамзи эҳтирому садоқат ба шахсияти барҷаста, давлатсоз ва мардумпарвари тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин сана на танҳо нишонаи арҷгузорӣ ба хидматҳои Сарвари давлат, балки ифодаи сиёсати хирадмандонаи Ӯст, ки дар ҳама самтҳои ҷомеа таҷассум ёфтааст.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими адабиёти миллӣ”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистика Худойдодова Шарофат дар мавзуи “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди матбуоти муосири тоҷик” ва муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон Тоиров  Шермуҳаммад дар мавзуи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин чеҳраи фарҳангии мардумони ориёитабор” маърӯзаҳои худро ироа намуданд.

Дар ҷараёни конфронс маърӯзаҳо мавриди таҳлилу муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифтанд. Устодон ва донишҷӯён андешаҳои хешро дар бораи саҳми Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон баён намуданд.

Дар бахши музокира дотсенти кафедраи адабиёти тоҷик Холиқова Зайналбӣ ба сухан баромада доир ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳи давлатдории навин ибрози андеша намуд.

Дар анҷоми конфронс гурӯҳи донишҷӯёни факултет бо роҳнамоии ровии ҳамоиш муаллими калон Қаюмова Мубина дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ қироат намуда, бо иҷрои самимии худ фазои идонаи ватандӯстиву ифтихори миллиро ҳусни тоза бахшиданд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!